Дар Душанбе дурнамои такмил ва рушди савдо баррасӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди РСММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаласаи васеи панҷуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди РСММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаласаи васеи панҷуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои иҷроиши Нақша-чорабиниҳо ва баррасии рафти иҷрои қарори Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар соли 2015 ба нақша гирифта мешаванд ва аз талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” бар меоянд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласа, инчунин қарор оид ба тасдиқи чорабиниҳои Гуруҳи кории байни идоравӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” барои нимсолаи аввали соли 2015 қабул карда шуд. Мақсади асосии қабул ва татбиқи қонуни мазкур фароҳам овардани шароити шаффофи ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, муҳайё кардани фазоии мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя бо мақсади рушди минбаъда ва такмили савдо, инчунин хӯроки умумӣ дар кишвар, танзими давлатии масъалаҳои масъулиятнокӣ, баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти фурӯхташаванда, сифат ва хизматрасонӣ дар савдо ва хизматрасонии маишии аҳолии кишвар мебошад.

Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.