Боздиди ҳайати арзёбии Департаменти давлатии ИМА аз АНМН



Рӯзи 30 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо ҳайати арзёбии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА (INL) таҳти роҳбарии Чарлз Ҷакоза баргузор гардид. Ҳайати арзёбӣ ба ҷумҳурӣ барои гузаронидани арзёбии мустақили лоиҳаҳо, ки бо дастгирии молиявии INL таҳия мегарданд, ташриф овард.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои самаранокии ҳамкории идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон бо ҷузъу томҳои ҳаммонанди ИМА баррасӣ гардиданд.

Директори Агентӣ меҳмононро бо ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон шинос намуд. Қайд гардид, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 17 қарордоди байниҳукуматӣ, аз ҷумла бо Ҳукумати ИМА имзо гардида, “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул шуд ва айни ҳол таҳия мегардад.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари Агентӣ илова намуд, ки бо идораҳои зиддимухаддиротии Россия, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ – Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, САҲА дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

Ба Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони Агентӣ арзи сипос баён гардид.

spot_imgspot_img

Популярное