Талаби сарпрокурори ҳарбӣ оид ба хотимаи таҷрибаи даъвати ғайриқонунӣ ба хизмат

Муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода дар машварати кории рӯзи 30 март аз масъулони корҳои ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки 1 апрел шурӯъ мегардад, даъват намуд, ки дар ҷараёни даъват қатъиян ба қонун риоя карда, ба таҷрибаи даъвати ғайриқонунии наваскарон ба хизмат хотима бахшанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ […]

Аваз Юлдошев



Муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода дар машварати кории рӯзи 30 март аз масъулони корҳои ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки 1 апрел шурӯъ мегардад, даъват намуд, ки дар ҷараёни даъват қатъиян ба қонун риоя карда, ба таҷрибаи даъвати ғайриқонунии наваскарон ба хизмат хотима бахшанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар машварати корӣ кормандони сохторҳои қудратӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ иштирок карданд.

«Дар машварат ба масъалаҳои аз муоинаи хушсифати тиббӣ гузаштани даъватшавандагон, роҳ надодани ба содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҷараёни даъват ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кори аъзои комиссияҳои даъват дар тамоми манотиқи кишвар таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.