Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Палатаи савдо ва саноати Бенилюкс

Дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо раиси Палатаи савдо ва саноати Белгия, Нидерланд ва Люксембург (Бенилюкс) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ Мигел Кардон де Лихтбауэр ва ноиби ӯ Конрад Микелсон баргузор гардид.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо раиси Палатаи савдо ва саноати Белгия, Нидерланд ва Люксембург (Бенилюкс) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ Мигел Кардон де Лихтбауэр ва ноиби ӯ Конрад Микелсон баргузор гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Бенилюкс муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.

Зикр мегардад, ки ба намояндагони баландпояи Палатаи савдо ва саноати Бенилюкс ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. Онҳо омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.