Назари коршинос дар бораи ифшо нашудани ному насаби гумонбаршудагон то суд

Директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар шарҳи дастури прокурори генералӣ оид ба ифшо нагардидани ному насаби гумонбаршудагон то анҷоми мурофиаи судӣ, изҳор намуд, ки иқдоми мазкур метавонад танҳо ҷанбаҳои мусбат дошта бошад, ба ҷуз ягона истисно, ки дар қонунгузории мо мафҳуми «манфиати ҷамъиятӣ» вуҷуд дорад. «Бар ин назарам, ки на ҳамаи парвандаҳои […]

Мавзуна Абдуллоева



Директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар шарҳи


дастури


прокурори генералӣ оид ба ифшо нагардидани ному насаби гумонбаршудагон то анҷоми мурофиаи судӣ, изҳор намуд, ки иқдоми мазкур метавонад танҳо ҷанбаҳои мусбат дошта бошад, ба ҷуз ягона истисно, ки дар қонунгузории мо мафҳуми «манфиати ҷамъиятӣ» вуҷуд дорад.

«Бар ин назарам, ки на ҳамаи парвандаҳои ҷиноиро мебояд таҳти назари ин иқдоми Прокуратураи генералӣ ҳаллу фасл намуд. Ин ҷо ба парвандаҳои ҷиноӣ нисбати ноболиғон бояд афзалият дода шавад, ки ному насаби онҳо яқинан набояд зикр гардад», – мутмаин аст ҳомии ҳуқуқ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки аз нигоҳи таҷрибаи байнулмилалӣ чунин шуморида мешавад, ки «танҳо манфиати ҷамъиятӣ метавонад комилан ба ифшои ному насаби гумонбаршудагон (айбдоршавандагон) то содир шудани ҳукм боис гардад».

Ӯ хотиррасон намуд, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Эзоҳоти Тартиботи умумӣ ба моддаи 19-и Аҳдномаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон низ иштирокчии он аст, қайд мекунад, ки «бо мақсади амалисозии пурсамари ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот, кишварҳои иштирокчиро зарур аст, ки бо тартиботи афзалиятнок ба маълумоти ҳукумат, ки манфиати ҷамъиятиро дорост, бояд дастрасии васеъро таъмин намоянд».

Сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршед Атовуллоев бар ин назар аст, ки аз нигоҳи авал ин талабот ба таъмини эҳтимолияти бегуноҳӣ нигаронида шудааст. «Аммо агар бодиққат ба дастур назар андозӣ, маълум мешавад, ки ҳадафи аслии он аз байн бурдани «сарусадоҳо» дар робита ба боздошти ин ё он шахс аст», – иброз дошт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.