Маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Сарвари давлат дастур дод, ки барои татбиқи босамари […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Сарвари давлат дастур дод, ки барои татбиқи босамари барномаи мазкур “тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд”.

Таъкид гардид, ки “табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад”.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” пешниҳод карда шуд.

Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор барои ба аҳолии ниёзманд тақсим кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо карда шуд.

Дар фароварди маҷлис доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам, ба кор даровардани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии инвеститсионӣ, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳои навсозишуда, афзун намудани истеҳсолоти саноатӣ, назорати қурби пули миллӣ ва пешгирӣ аз сӯйистифода ва қаллобиҳо дар ин самт, тайёрии ҷиддӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезиш супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.