Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ 2 корманди воломақоми Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистонро ҳангоми гирифтани пора боздошт намуданд.
Аз Агентии зиддифасод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзи 19 март дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ роҳбари шуъбаи тафтишоти АНМН Саймухтор Беков ва сардори шуъбаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии АНМН Эргаш Маликов боздошт шудаанд, ки барои иваз кардани моддаи айбдорӣ аз бародари боздоштшуда нахуст 42 ҳазор ва сипас боз 80 доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардаанд.
«Онҳо талаб кардаанд, ки 50 ҳазор доллар аз 80 ҳазори талабшуда рӯзи 19 март оварда шавад. Дар ин рӯз назди НФС «Умед-88» дар кӯчаи Борбад Эргаш Маликов ҳангоми гирифтани 41 ҳазор доллари ИМА дастгир шуд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови кабинети шахсии С.Беков аз сейфи он 23 ҳазор доллари ИМА, қисмате аз маблаги 42 ҳазор доллари ИМА-и нахуст талабшуда дарёфт шудааст. Дар маҷмӯъ ҳарду корманди АНМН дар ҳаҷми 83 ҳазор доллари ИМА пора гирифтаанд.
Агентии зиддифасод изҳор мекунад, ки Беков ва Маликов дастгир шуда, нисбати онҳо мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сардори хадамоти матбуоти АНМН Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Айни замон Агентии зиддифасод ба тафтиши ин қазия машғул аст ва аз ин рӯ, АНМН ин далелро алҳол шарҳ дода наметавонад.
«Аммо барои кормандони Агентӣ ин қазия як ҳодисаи гӯшношунид буда, ҳама дар як ҳолати ногувор қарор доранд. Далели мазкур дар ҳамаи воҳидҳои Агентӣ, ҳатто дар раёсатҳои вилоятӣ баррасӣ шуд Раҳбарият оид ба тақвияти назорат аз болои ҳар як корманд тадбирҳои иловагӣ андешид, то ки минбаъд ба такрор шудани чунин ҳодисаҳо роҳ дода нашавад», – қайд кард Раҳматуллоев.



