Э.Раҳмон И.Каримовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти амалкунандаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуда, аз […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти амалкунандаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуда, аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми он мебошад».

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои ҳарду кишвар гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд ва Тоҷикистон барои анҷом додани ин кори хайр комилан омода буда, тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад.

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва саодатмандӣ орзу намуда, дар ин мақоми пурмасъулияти Шумо-Сарварии Ӯзбекистони бародарӣ дар оянда комёбӣ ва дастовардҳои навро таманно намоям», – омадааст дар фарҷоми барқия.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи 30 март натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Ӯзбекистонро эълон кард. Президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Ислом Каримов бо касби 90,39%-и овозҳо пирӯз шуд. Дар маъракаи интихоботии мазкур 18,942 млн. нафар (зиёда аз 90%) шаҳрвандони Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.