Тадбирҳои роҳ ёфтани сабзавоту меваи кишварҳои ОМ ба бозорҳои Қазоқистону Русия

Аз 15 то 18 апрели 2015 сол дар меҳмонхонаи «Три Короны», вилояти Иссиқкӯл доир ба мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавотии водии Фарғона ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Қазоқистон ва Русия» вохӯрӣ барпо мегардад. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар […]

ASIA-Plus



Аз 15 то 18 апрели 2015 сол дар меҳмонхонаи «Три Короны», вилояти Иссиқкӯл доир ба мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавотии водии Фарғона ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Қазоқистон ва Русия» вохӯрӣ барпо мегардад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои содиротии миёнрав (ТСМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, ташкил карда мешавад.

Ба ташаббуси ташкил кардани вохўрии зикргардида, лоиҳаи минтақавии Барномаи Рушди Созмони милали муттаҳид “Ёрмандӣ ба рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна”, ки аз тарафи Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ карда мешавад, ҳамроҳ гардид.

Мақсади вохӯрӣ – таҳияи нақшаи муштараки фаъолият оиди дастрас намудани маҳсулоти тару тоза ва коркардшуда аз водии Фарғона (Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия мебошад. Вохӯрӣ барои пешниҳоди маълумот оиди нерӯи содиротии мавҷудаи истифоданабурдаи водии Фарғона барои ширкатҳои тиҷоратии берунмарзӣ, муҳокимаи ҳаҷм, мӯҳлат, шартҳо ва сифати дастрасшавандаи маҳсулоти меваю сабзавотӣ бо арзиши иловашудаи баланд истифода бурда мешавад.

Дар вохӯрии корӣ роҳбарон, моликон, содиргарон, директорон (шахсоне, ки қарор қабул мекунанд) – и ширкатҳои коркардкунанда ва тиҷоратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, намояндагони якчанд лоиҳаҳои оид ба рушд ва Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон (ҳамагӣ тақрибан 40 нафар) ширкат меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.