Идомаи маблағгузории сармоягузорони Чин ба иқтисоди вилояти Суғд

Рӯзи 30 март раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори навтаъиншудаи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ҷаноби Эн Джи Сай ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот бо А.Қодирӣ роҳбари корхона оид ба фаъолияти кунунии корхона итилоъ дода, ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани  иқтидори  истеҳсолии корхона […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 март раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори навтаъиншудаи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ҷаноби Эн Джи Сай ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот бо А.Қодирӣ роҳбари корхона оид ба фаъолияти кунунии корхона итилоъ дода, ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани  иқтидори  истеҳсолии корхона ва афзун намудани маҷмӯъи маҳсулот аз ҷониби мутахасисони чинӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад.

Зимни сӯҳбат сохтмони комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад ва тавре таъкид гардид, корхона авоили соли 2017 ба кор дароварда мешавад.

Алҳол корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор фаъолият дорад, ки он бо коркарди аввалияи маъдани руҳ ва сурб машғул аст. Ҳоло дар ин корхона беш аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбари навтаъиншудаи коргоҳ барои амалӣ гаштани нақшаҳои баён гардида барору комёбӣ хост ва омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд изҳор дошт.

Раиси вилоят дар сӯҳбат таъкид намуд, ки корхона барои ободонии шаҳри Истиқлол, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмиру ба истифода додани хобгоҳҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Истиқлол саҳмгузор аст.

Ҷаноби Эн Джи Сай иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин сохтмони корхонаи истеҳсолкунандаи қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти корхона ва автомобилҳо ва сохтмони корхонаи аккумулятор оғоз мегардад, ки барои ин лоиҳаҳо маблағҳои сармоягузорони давлати Чин равона карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.