Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 апрел минбаъд тибқи реҷаи нав – аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб бидуни рӯзҳои истироҳат кор мекунад.
Намояндаи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Муҳаммадиқбол Атоев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, барои кормандони китобхона, ки дар басти дуюм кор мекунанд, барои то манзилашон бурдан автобусҳо ҷудо карда шудаанд.
«Аксари хонандагони китобхона то соати 17-18-и шом ба кор машғуланд, аз ин рӯ, акнун баъди рӯзи корӣ метавонанд аз хизматгузориҳои китобхона истифода баранд», – гуфт Атоев ва илова намуд, ки қаблан китобхона аз соати 8-и субҳ то 19-и шом кор мекард.
Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли гузашта имсол шумори хонандагони китобхона 60% ва миқдори хонадагони бахши рӯзномаву маҷаллаҳо 86% афзудаааст.
Китобхонаи милли Тоҷикистон
санаи 20 марти соли 2012
мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ аст.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлисӣ аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 6 миллиону 200 ҳазор нусха маводи чопию электронӣ иборат аст.
Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Китобхона, ҳамчунин дорои ошхонаю қаҳвахона бо 560 ҷой ва 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ мебошад.



