Даъвати сармоягузорони Чин ба саҳмгузорӣ дар бунёди шаҳраки нави Сайҳун

Чанде қабл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори генералии ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Вэй Лин ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои миёни кишварҳои Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеи равобит изҳори омодагӣ намуданд. Тавре таъкид гардид, бо ҷалби […]

ASIA-Plus



Чанде қабл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори генералии ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Вэй Лин ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои миёни кишварҳои Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеи равобит изҳори омодагӣ намуданд.

Тавре таъкид гардид, бо ҷалби ширкати ТВЕА дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд маркази гармидиҳӣ бунёд мешавад ва дар ояндаи наздик дар ин замина корҳои таҳқиқотӣ оғоз меёбанд. Дар мулоқот инчунин оид ба дигар намуди соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли энергия аз офтобу шамол низ гуфтугӯ сурат гирифт ва зикр шуд, ки дар ин самт бо истифода аз вазъи хуби иқлмии минтақа метавон самаранок истифода бурд.

Зимни сӯҳбат раиси вилоят изҳор дошт, ки дар арафаи таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ба бунёди шаҳраки нави Сайҳун дар вилояти Суғд аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд. Таъкид гардид, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин шаҳраки нав босуръат ҷараён дорад ва ширкатҳои чинӣ метавонанд дар корҳои бунёдкорӣ саҳм бигиранд.

Дар навбати худ директори генералии ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Вэй Лин изҳори омодагии ҷонибашро барои тақвияти ҳамкориҳо изҳор дошт. Гуфта шуд, ки ин ширкат дар бунёди биноҳои баландошёна, мактабу варзишгоҳҳо, меҳмонхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд метавонад саҳмгузор бошад. Ҳайати меҳмонон инчунин аз шаҳраки Сайҳун дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар амалисозии як қатор лоиҳаҳо саҳмгузор мебошад, ки  хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол аз ҷумлаи онҳост.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.