Тавофуқи марзбонони тоҷику қирғиз оид ба худдорӣ аз истифодаи аслиҳа

Марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон оид ба бидуни мавҷуд набудани таҳдиди бевосита ба амнияти давлатҳо истифода накардан аз аслиҳа тавофуқ ҳосил намуданд. Бино ба иттилои хабаргузории 24.kg бо истинод ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, имрӯз дар Исфара вохӯрии ҳайатҳои мақомоти марзбонии ҳарду кишвар баргузор шудааст. Роҳбарони мақомоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон Раимбердӣ Дуйшенбиев ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба […]

Меҳрангез Турсунзода



Марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон оид ба бидуни мавҷуд набудани таҳдиди бевосита ба амнияти давлатҳо истифода накардан аз аслиҳа


тавофуқ


ҳосил намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории 24.kg бо истинод ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, имрӯз дар Исфара вохӯрии ҳайатҳои мақомоти марзбонии ҳарду кишвар баргузор шудааст.

Роҳбарони мақомоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон Раимбердӣ Дуйшенбиев ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба хусусият ва тамоилҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди он дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва тадбирҳо ҷиҳати беҳбуди посбонӣ дар марзи давлатӣ табодули афокр намудаанд.

«Дар вохӯрӣ ба масъалаи ҳолати посбонии марз дар қитъаҳои то ҳол миёни ҷонибҳо мувофиқанашуда таваҷчуҳи хосса зоҳир гардида, ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони маҳаллаҳои аҳолинишнини наздимарзӣ муҳим буда, онро мунтазам мебояд роҳандозӣ намуд», – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо уҳдадор шудаанд, ки дар самти роҳ надодан ба ҳодисаҳои мухолифатомез ва саривақт пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар марз тадбирҳои муштарак меандешанд.

Дар санад ҳамчунин қайд шудааст, ки «дар сурати мавҷуд набудани таҳдиди бевосита ба амнияти давлат, ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, ҷонибҳо аз истифодаи аслиҳа ва воситаҳои махсус нисбати шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии ҳарду тараф худдорӣ меварзанд».

То анҷоми аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба итмом расидани аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон, ҳимояи марз дар қитъаҳои мувофиқанашудаи вилоятҳои Суғду Ботканд бо тартиби пешина аз ҷониби нерӯ ва воситаҳои айни замон мустақар дар он ҷо амалӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.