Муродалӣ Алимардон аз мансаби муовини сарвазир озод шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон аз вазифааш озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Муродалӣ Алимардон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб барканор шудааст, вале аз ба кадом мансаби дигар таъин шудани ӯ маълумот дода намешавад. Муродалӣ Алимардон 20 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд […]

ASIA-Plus



Бо фармони президенти Тоҷикистон муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Муродалӣ Алимардон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб барканор шудааст, вале аз ба кадом мансаби дигар таъин шудани ӯ маълумот дода намешавад.

Муродалӣ Алимардон 20 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати иқтисодчии Бонки давлатӣ дар ноҳияи Сино оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои иқтисодчии калон, сардори шуъбаи қарздиҳии Бонки давлатӣ ва сардори шуъбаи қарздиҳии Бонки «Агропромбонк» дар ноҳияи Ҳисор фаъолият намудааст.

Солҳои 1992-1994 дар вазифаи Раиси Раёсати Бонки саҳомию тиҷоратии Агропромбонк «Шарқ» ва то соли 2008 дар вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз январи соли 2008 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.