Оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

Пагоҳ, 2 апрел дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то санаи 9 апрел идома меёбад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсади асосии чорабинии мазкур ин тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули […]

ASIA-Plus



Пагоҳ, 2 апрел дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то санаи 9 апрел идома меёбад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсади асосии чорабинии мазкур ин тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули одат ва малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттиллоотии кӯдакону наврасон мебошад.

«Умдатарин вазифаи Фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебописандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба дастовардҳои замони истиқлол, муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз – Тоҷикистон мебошад», – омадааст дар иттилои Вазорати фарҳанг.

Гуфта мешавад, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани Фестивал ҳар сол дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил гардида, он фаъолияти кумитаҳои тадорукот, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии фестивалро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, мутобиқ гардонида, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.

Ба иттилои манбаъ, дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъбаҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма кумитаҳои тадорукот ва ситодҳои корӣ созмон дода мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки маросими ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар воқеъ дар ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36 баргузор мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.