Таъсиси ҷоизаи раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф

Бо қарори Раиси вилояти Суғд  аз 30 марти соли 2015, ҷоизаи раиси вилоят дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз таъсиси ҷоиза таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳавасмандкунии моддию маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои […]

ASIA-Plus



Бо қарори Раиси вилояти Суғд  аз 30 марти соли 2015, ҷоизаи раиси вилоят дар соҳаи маориф таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз таъсиси ҷоиза таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳавасмандкунии моддию маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии дорои дастовардҳои беҳтарин дар таълиму тарбияи хонандагон аст.

Гуфта мешавад, озмун барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, ҷоиза ба ғолибон аз ҷониби Раиси вилоят дар машваратии августии кормандони соҳаи маориф супорида мешавад. Ҷоиза аз 3 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки омӯзгороне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, барои шиносоӣ бо шартҳои озмун, тартиби гузаронидани озмун, тартиби баҳодиҳӣ ва ғайра метавонанд ба Раёсати маорифи вилояти Суғд муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.