Кумаки АНМН ба нобуд сохтани лабораторияи истеҳсоли героин дар Афғонистон

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 40-солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лабораторияи пинҳониро барои истеҳсоли героин ташкил намуда, ба хариду фурӯш ва интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон, инчунин ба Покистон машғул мебошад. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар ин бора Вазорати […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 40-солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лабораторияи пинҳониро барои истеҳсоли героин ташкил намуда, ба хариду фурӯш ва интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон, инчунин ба Покистон машғул мебошад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Афғонистон огоҳ гардида,  полиси Вазорати корҳои дохилии Афғонистон қарор намуд, ки барои нобуд сохтани лабораторияи пинҳонӣ дар ҳудуди қарияи Озумгули вилояти Бадахшон амалиёт гузаронад.

Гуфта мешавад, дар рафти амалиёт соҳиби лаборатория ва ҳаммаслаки ӯ аз тарафи кормандони полис дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии ҷои амалиёт лабораторияи пинҳонӣ ошкор гардид, ки дар он ҷо 135 кг маводи нашъаовари афюн, 31 литр кислотаи хлориди аммоний, таҷҳизоти махсус барои коркарди афюн мавҷуд буд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз тарафи кормандони полиси Афғонистон чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо истеҳсоли героин машғул буданд, идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.