Ҳукми 9 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли шаҳрванди Русия

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоевро ба қатли шаҳрванди Русия гунаҳкор дониста, ӯро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ин ҷиноят дар қаламрави Русия содир гардид. Бино ба иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Русия, моҳи октябри соли 2013 мақомоти тафтишоти шаҳри Митишии вилояти Маскав аз рӯи далели дарёфти ҷасади як мард бо аломатҳои […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоевро ба қатли шаҳрванди Русия гунаҳкор дониста, ӯро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ин ҷиноят дар қаламрави Русия содир гардид.

Бино ба иттилои

сомонаи

Прокуратураи генералии Русия, моҳи октябри соли 2013 мақомоти тафтишоти шаҳри Митишии вилояти Маскав аз рӯи далели дарёфти ҷасади як мард бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар деҳаи Аксаковои ноҳияи Митиши, мутобиқи моддаи 105, қ. 1-и КҶ Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ ба содир шудани ин ҷиноят даст доштани Умедҷон Мирзоев муайян карда шуда, нисбати ӯ ғоибона айбнома пешниҳод ва моҳи январи соли 2014 ӯ мавриди ҷустуҷӯ эълон гардид.

Ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Умедҷон Мирзоевро дар қаламрави ҷумҳурӣ боздошт намуданд.

Бо назардошти шаҳрванди Тоҷикистон будани У.Мирзоев, ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Русия супурдани ӯ ғайриимкон буд ва аз ин рӯ, парвандаи ҷиноии ӯ ба Тоҷикистон ирсол гардида, дар ватанаш баррасӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.