Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе



Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон – Эдвард Налбандян, Беларус – Владимир Макей, Қазоқистон – Ерлан Идрисов, Қирғизистон – Эрлан Абдилдаев ва Русия – Сергей Лебедев ширкат дошта, ҷаласа таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа мушкилоти муосири сиёсати байнулмилалӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии таҳдиду ситезаҷӯиҳои марбут ба он барои минтақаи фарогири амнияти дастаҷамъии СААД баррасӣ мешаванд. Дабири кулли СААД Николай Бордюжа роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар минтақаи масъули СААД ва мавзеъҳои ҳаммарзу наздик бо он маълумот медиҳад.

Ба ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви СААД дар Душанбе ҳамчунин раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич, директори Маркази пешгирии низоъҳои САҲА Адам Кобератский ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирслав Енча низ даъват шудаанд.

Дар ҷаласаи мазкур тасдиқи Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои давраи соли 2015 – нимсолаи аввали соли 2016 дар назар аст.

Интизорӣ меравад, ки нимаи аввали рӯз ҷаласа ба кори худ хотима бахшида, сипас вазири корҳои хориҷии ҶТ ва дабири кулли САҲА бо намояндагони васоити ахбори умум вохӯрӣ барпо мекунанд. То оғози кори ҷаласа вазирони корҳои хориҷии СААД-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

spot_imgspot_img

Популярное