Ҳукумат масъалаи бунёди бузургтарини МБГ дар кишварро меомӯзад

Зимни суханронӣ дар чорабиниҳо ба муносибати 40-солагии таъсисёбии КВД «Ширктаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки ҳукумат масъалаи бунёди бузургтарин Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) дар кишварро мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар бораи сохтмони МБГ бо иқтидори аз 700 то 1000 МВт дар ҷумҳурӣ дастури сарвари давлат мавҷуд аст. Расулзода қайд […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни суханронӣ дар чорабиниҳо ба муносибати 40-солагии таъсисёбии КВД «Ширктаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки ҳукумат масъалаи бунёди бузургтарин Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) дар кишварро мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар бораи сохтмони МБГ бо иқтидори аз 700 то 1000 МВт дар ҷумҳурӣ дастури сарвари давлат мавҷуд аст.

Расулзода қайд кард, ки сохтмони чунин марказ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, бевосита дар наздикии кони бузургтарини ангишти «Фон Яғноб» дар назар буда, ин кон қаблан ба тавозуни ТАЛКО гузаронида шудааст ва барои фаъолияти МБГ-и оянда ҳамасола истихроҷи то 1,5 млн. тонна ангишт дар ин кон зарур аст.

«ТАЛКО ин марказро бо ангишти кони мазкур таъмин карда метавонад, ки ин як навъи дастгирии молиявии корхона аст. Ҳадафи ҳукумат бошад, ҳарчи беҳтар кардани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аст» – афзуд нахуствазир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.