Шумори аҳолии ба Сурия сафаркардаи ҷамоати Чорқишлоқи Исфара меафзояд

Шумори аҳолии ба Сурия сафаркардаи ҷамоати Чорқишлоқи шаҳри Исфара меафзояд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, агар моҳи октябри соли гузашта 20 сокини ҷамоат дар Сурия ҳузур дошта буданд, пас айни замон шумори онҳо ҳадди ақал то 30 нафар расидааст. Сармутахассиси шуъбаи умури дини ҷамоати Чорқишлоқ Мубашир Мирзохӯҷаева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus



Шумори аҳолии ба Сурия сафаркардаи ҷамоати Чорқишлоқи шаҳри Исфара меафзояд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, агар моҳи октябри соли гузашта 20 сокини ҷамоат дар Сурия ҳузур дошта буданд, пас айни замон шумори онҳо ҳадди ақал то 30 нафар расидааст.

Сармутахассиси шуъбаи умури дини ҷамоати Чорқишлоқ Мубашир Мирзохӯҷаева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи март боз ду тан аз сокинони ҷамоат ҷиҳати иштирок дар даргириҳои Сурия ба ин кишвар рафта, аз аҳолии 5-ҳазорнафараи ҷамоат 7 ноболиғ, 5 нафар занон ва 20 нафар мардон дар Сурия қарор доранд, ки тибқи баъе маълумот, ду нафари онҳо ҳалок шудаанд.

«Вале ин маълумоти саҳеҳ нест. Аксари муҷоҳидони маҳаллӣ худро ҳалокшуда эълон мекунанд, то ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба оилаи онҳо барои бозпурсии аҳли оилаву наздиконашон нараванд», – ибрз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, ҳар ҳафта дар намози ҷумъа имомахатибон ба ҷавонон моҳияти ҷиҳодро шарҳ дода, ҳамчунин намояндагони Кумитаи дин ва мақомоти ҳукумати маҳаллӣ бобати ин масъала бо онҳо вохӯриву суҳбатҳо мегузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.