ТАЛКО афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба миқдори 40%-ро ваъда дод

Ҳукумати Тоҷикистон ба дастгирии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) идома дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ба ивази онро талаб мекунад. Раҳбарияти ширкат уҳдадор шуд, ки соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба миқдори 40% афзуда, ба тамоили коҳиши 7-солаи истеҳсолот хотима бахшад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар », зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 40-солагии ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳукумати Тоҷикистон ба дастгирии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) идома дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ба ивази онро талаб мекунад.

Раҳбарияти ширкат уҳдадор шуд, ки соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба миқдори 40% афзуда, ба тамоили коҳиши 7-солаи истеҳсолот хотима бахшад.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар

», зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 40-солагии ба фаъолият оғоз намудани ТАЛКО рӯзи 1 апрел нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир саноати алюминии ҷаҳон ба мушкилоти зиёде дучор аст, дар навбати аввал ба мушкилоти коҳиши нарх ба ин металл. Ӯ қайд кард, ки новобаста аз буҳрони сартосарии молиявию иқтисодӣ дар бештари  кишварҳои  ҷаҳон  бузургтарин  корхонаҳои истеҳсоли  алюминий  аз  фаъолият  бозмонда,  аксари  корхонаҳои дигари ин соҳа  ба коҳиш додани ҳаҷми истеҳсолот рӯ овардаанд.

Нахуствазири ҷумҳурӣ зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», – гуфт ӯ.

Директори идоракунандаи ТАЛКО Абдураҳмон Ҷӯраев ба нахуствазир ваъда дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.

КВД «ТАЛКО» яке бузургтарин корхонаи истеҳсоли алюминий дар паҳнои ИДМ ва ягона чунин корхона дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Расо 40 сол муқаддам дар бузургтарин корхонаи саноатии мамлакат КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсоли  нахустин хулаҳои алюминий оғоз гардида, ба эҳёи  саноати металургии тоҷик асос гузошта шуд. Иқтидори лоиҳавии ТАЛКО истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминий дар як со ласт.

Тавре дар боли зикр кардем, тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 – 419; соли 2008 – 400; соли 2009 – 360; соли 2010 – 348; соли 2011 – ҳудуди 290; соли 2012 – 275; соли 2013 – беш аз 218 ва соли 2014 – ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.