Интизорӣ меравад, ки имрӯз аз қаламрави Яман ба макони бехавф кӯчонидани табибони тоҷик шурӯъ мешавад.
Шаҳноза Гадоева, табибзани тоҷик, ки бо ду кӯдакаш муқими Яман аст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ӯ хабар додаанд, ки соати 16-и вақти маҳаллӣ (соати 18-00 ба вақти Душанбе) ба фурудгоҳ ҳозир шавад.
«Ба мо гуфтанд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҳавопаймо фиристодааст. Нахуст занону кӯдакон берун бурда мешаванд. Чанд нафар аз шоми дирӯз дар фурудгоҳ интизоранд», – иброз дошт Ш.Гадоева.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарк кардани Яман ҳастанд, аз Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти саҳеҳ дастрас нашуд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати
мусоидат ба хориҷ кардани
шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд. Дархости расмӣ ва рӯйхати тоҷикистониёни муқими Яман ба Вазорати корҳои хориҷии Русия фиристода шуда, онҳо ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ва мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур омодагӣ изҳор намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон
даъват карданд,
ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.
Баъди нашри маълумоти дар боло зикршуда аз ВКХ Тоҷикистон ҳамчунин
иттилоъ доданд,
ки аксари табибони тоҷики машғули кор дар Яман ба тарк кардани ин кишвар хоҳиш надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан розианд.
Қобили зикр аст, ки шаби 26 март Арабистони Саудӣ ва иттифоқчиёни ӯ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман амалиёти низомиро
оғоз намуданд.
Аллакай субҳи рӯзи 26 март дар бораи ҳалокати аҳолии осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ маълумот интишор шуд.
Бино ба иттилои
радиои «Озодӣ»
, Амрико ва Лигаи Араб аз ҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудия алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пуштибонӣ карда, аммо Эрон хостори хатми билофосилаи ин амалиёт шудааст.



