Аввалин тоҷикистониён шояд имрӯз Яманро тарк кунанд

Интизорӣ меравад, ки имрӯз аз қаламрави Яман ба макони бехавф кӯчонидани табибони тоҷик шурӯъ мешавад. Шаҳноза Гадоева, табибзани тоҷик, ки бо ду кӯдакаш муқими Яман аст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ӯ хабар додаанд, ки соати 16-и вақти маҳаллӣ (соати 18-00 ба вақти Душанбе) ба фурудгоҳ ҳозир шавад. «Ба мо гуфтанд, […]

Меҳрангез Турсунзода



Интизорӣ меравад, ки имрӯз аз қаламрави Яман ба макони бехавф кӯчонидани табибони тоҷик шурӯъ мешавад.

Шаҳноза Гадоева, табибзани тоҷик, ки бо ду кӯдакаш муқими Яман аст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ӯ хабар додаанд, ки соати 16-и вақти маҳаллӣ (соати 18-00 ба вақти Душанбе) ба фурудгоҳ ҳозир шавад.

«Ба мо гуфтанд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҳавопаймо фиристодааст. Нахуст занону кӯдакон берун бурда мешаванд. Чанд нафар аз шоми дирӯз дар фурудгоҳ интизоранд», – иброз дошт Ш.Гадоева.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарк кардани Яман ҳастанд, аз Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти саҳеҳ дастрас нашуд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати 


мусоидат ба хориҷ кардани


 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд. Дархости расмӣ ва рӯйхати тоҷикистониёни муқими Яман ба Вазорати корҳои хориҷии Русия фиристода шуда, онҳо ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ва мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур омодагӣ изҳор намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон


 даъват карданд,


 ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.

Баъди нашри маълумоти дар боло зикршуда аз ВКХ Тоҷикистон ҳамчунин


иттилоъ доданд,


ки аксари табибони тоҷики машғули кор дар Яман ба тарк кардани ин кишвар хоҳиш надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан розианд.

Қобили зикр аст, ки шаби 26 март Арабистони Саудӣ ва иттифоқчиёни ӯ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман амалиёти низомиро 


оғоз намуданд.


 Аллакай субҳи рӯзи 26 март дар бораи ҳалокати аҳолии осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ маълумот интишор шуд.

Бино ба иттилои 


радиои «Озодӣ»


, Амрико ва Лигаи Араб аз ҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудия алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пуштибонӣ карда, аммо Эрон хостори хатми билофосилаи ин амалиёт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.