Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:



Анонс



– Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ маросими расмии Гузориши миллӣ оид ба рушди инсонӣ дар соли 2014 «Тоҷикистон. Дастрасии захираҳо баро рушди инсонӣ» баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.9781

сомонӣ;


1

евро –

6.5118

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


84



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1988

– Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дар бораи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистонро эълом дошт.


1992

– Дар Душанбе дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Протокол ба имзо расид.


2004

— Раиси Ҳизби демкорати Тоҷикистон М.Искандаров дар нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз кор дар сохторҳои давлатӣ даст мекашад.


2012

— Соҳибкори тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев, ки  29 март баъди озодиаш аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав бедарак шуда буд, дар Тоҷикистон пайдо шуд.


2013

— Изҳори нияти таъсиси ҳизби сиёсии нав – «Тоҷикистони нав дар Тоҷикистон.


1925

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Абдумаҷид Пӯлодов.


1963

– Мавлуди нависанда ва журналист Ато Мирхоҷа.


1969

– Зодрӯзи олим Шералӣ Султонов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +14+19; дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона +1+6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.       

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...