Фотеҳ Қунғуротзода роҳбари Раёсати корҳои дохилии Душанбе таъин шуд

Полковники милиса Фотеҳ Қунғуротзода сардори нави Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Саид Ҷӯрахонро иваз намуда, то ин таъинот ба ҳайси сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ фаъолият дошт. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, генерал-майори милитсия Мустафоқул Рустамов ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии […]

Пайрав Чоршанбиев



Полковники милиса Фотеҳ Қунғуротзода сардори нави Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Саид Ҷӯрахонро иваз намуда, то ин таъинот ба ҳайси сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ фаъолият дошт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, генерал-майори милитсия Мустафоқул Рустамов ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ таъин гардид. Генерал-майор Абдухалил Мирзоев Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ, полковник Алишер Маҳмадализода Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ ва Набиҷон Исо Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, полковник Абдусаттор Фаттоев сардори Қисми минтақавӣ ва ҳамзамон муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъин карда шуд.

Ҳамчунин ба шуъбаҳои ВКД ҶТ дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Данғара, Норак, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Ҷиргатол, Шуғнон ва Мурғоб низ сардорони нав таъин гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.