Интиқоли шабонарӯзии то 90 МВт барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Тоҷикистон ба содироти то 90 МВт нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир буда, дар мавсими тобистон ин иқтидор то 300 МВт ва зиёда аз он мерасад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, айни замон аҳолии Тоҷикистон комилан бо нерӯи барқ таъмин буда, аз ин рӯ, ҳудуди 85-90 МВТ нерӯи […]

Меҳрангез Турсунзода



Тоҷикистон ба содироти то 90 МВт нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир буда, дар мавсими тобистон ин иқтидор то 300 МВт ва зиёда аз он мерасад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, айни замон аҳолии Тоҷикистон комилан бо нерӯи барқ таъмин буда, аз ин рӯ, ҳудуди 85-90 МВТ нерӯи барқ шабонарӯзӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Ба қавли сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик», агар солҳои пеш лимити истифодаи барқ ахири моҳи март бекор мешуд, имсол он санаи 27 феврал аз байн бардошта шуд ва ин натанҳо аз обуҳаво, балки ҳамчунин ба оғози фаъолияти маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ вобаста аст.

Н.Ёдгорӣ дар бораи айни замон чӣ миқдор талабот доштани аҳолии Тоҷикистон ба нерӯи барқ ва истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар кишвар маълумоти саҳеҳ надод.

Ӯ далелҳои дар фасли зимистон мунтазам ба Афғонистон интиқол додани нерӯи барқ аз Тоҷикистонро инкор намуда, дар ин робита зикр кард, ки мавсими зимистон ба Афғонистон танҳо «нерӯи барқи зарурӣ барои нигаҳдории кори шабакаҳои барқӣ» интиқол дода мешуд.

«Зимистон ба Афғонистон танҳо «нерӯи барқи зарурӣ барои нигаҳдории кори шабакаҳои барқӣ» то 25 МВт дар як шабонарӯз содирот мешуд. Ҳозир мо ба афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ оғоз кардем», – гуфт Ёдгорӣ ва илова намуд, ки Тоҷикистон бо нерӯи барқ шимоли Афғонистонро таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати дар мавсими тобистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ бо ин кишвари ҳамсоя гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.