Ҷангҷӯёни тоҷик дар Бадахшон кушта шуданд

Даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо талафоти сангини ҷангҷӯёни Толибон поён ёфтааст, хабар медиҳад “ Хома ”. Масъулони амниятии вилояти Бадахшон ба хабаргузории “Хома” гуфтаанд, дар даргирии ду рӯзи ахир миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон дар дараи Хастаки ноҳияи Ҷурми ин вилоят 27 нафар аз Толибон кушта шудаанд. Сахидод […]

ASIA-Plus



Даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо талафоти сангини ҷангҷӯёни Толибон поён ёфтааст, хабар медиҳад “


Хома


”.

Масъулони амниятии вилояти Бадахшон ба хабаргузории “Хома” гуфтаанд, дар даргирии ду рӯзи ахир миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон дар дараи Хастаки ноҳияи Ҷурми ин вилоят 27 нафар аз Толибон кушта шудаанд.

Сахидод Ҳайдарӣ, масъули амниятии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки 8 нафар аз ин кушташудагон ҷангҷӯёни хориҷӣ ва аз Тоҷикистон мебошанд. «Дар ин даргирӣ 6 нафар аз неруҳои амниятии афғон низ кушта ва 12 нафари онҳо захмӣ шудаанд», – хабар додааст “Хома”.

Қобили зикр аст, ки Ии даргирӣ рӯзи 10-уми апрел оғоз шуда то поёни рӯзи 11-уми апрел давом кардааст.

Вилояти Бадахшони Афғонистон яке аз вилоятҳоест, ки бо Покистону Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ва ба навиштаи ин хабаргузорӣ, вилояти Бадахшони Афғонистон ноҳияҳои Вахон, Ишкошим, Шуғнон ва минтақаи Дарвозро дар бар гирифта, бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва то кунун борҳо аз ҳузури талафоти ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар он гузориш шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.