Директори бозори наврасро то марг латкӯбкарда назди суд ҷавоб мегӯяд

Дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори бозор, ки наврасро то марг лату кӯб карда буд, оғоз гардид. Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва […]

Мавлуда Рофиева



Дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати директори бозор, ки наврасро то марг лату кӯб карда буд, оғоз гардид.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ

то марг лату кӯб карда

, навраси дигар бар асари лату кӯби онҳо дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Раиси мурофиаи мазкур судяи суди вилоят Содиқҷон Ваҳҳобзода дар оғоз изҳор намуд, ки директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев мутобиқи 3 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104, қисми 2, бандҳои «в,е,з,к» (Куштани баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, бо бераҳмии махсус, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), аз ҳиссиёти авбошӣ), 112 (Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди хадамоти посбонӣ Бобур Юсуфов мутобиқи моддаҳои 104 ва 112 ва боз иштирокчии 4-уми ин парванда – соҳиби мағоза Тоҷиев мутобиқи моддаи 112 айбдор карда мешаванд.

Адвокати наврасон Татяна Хатюхина шифоҳӣ дархост намуд, ки судя Ваҳҳобзода Содиқҷон аз раёсати ин мурофиа барканор шавад, зеро ӯ ба баррасии пурра ва воқеъбинонаи ин парванда аз ҷониби судяи мазкур шубҳа дорад ва то имрӯз тамоми дархостҳои аз ҷониби адвокатҳои наврасон суратгирифта бепосух боқӣ монда, ӯ ҳамчунин то имрӯз бо маводи парванда шинос нашудааст. Аммо пас аз машварат  суд ин дархости адвокатро рад кард.

Адвокатҳои наврасон Татяна Хатюхина ва Назаршайх Назаров ҳамчунин аз суд дархост намуданд, ки баргузории мурофиаи судӣ бо ду сабаб – дар мурофиа ҳузур надоштани ҷониби навраси ҳалокшуда ва шиносоӣ бо маводи парванда мавқуф гузошта шавад. Суд ин дархостро қонеъ намуда, эълон кард, ки мурофиа то рӯзи панҷшанбе, 16 апрел мавқуф гузошта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.