Финали «тиллоӣ»-и гуштигири навраси тоҷик дар Голландия

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ миёни кӯдакону наврасон ба ватан баргашт. Ин мусобиқаҳо бо иштироки беш аз 300 нафар гуштигирон аз қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё рӯзҳои 5-6 апрел дар шаҳри Утрехти Голландия баргузор шуданд. Дар ин мусобиқаҳо гуштигирони навраси тоҷик ба дарёфти 4 медал ноил гардиданд. Ҳунарнамоии тарбиятгирандаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ миёни кӯдакону наврасон ба ватан баргашт. Ин мусобиқаҳо бо иштироки беш аз 300 нафар гуштигирон аз қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё рӯзҳои 5-6 апрел дар шаҳри Утрехти Голландия баргузор шуданд.

Дар ин мусобиқаҳо гуштигирони навраси тоҷик ба дарёфти 4 медал ноил гардиданд. Ҳунарнамоии тарбиятгирандаи ҷамъияти варзишии «Динамо», сокини пойтахт Қурбоншо Коналиеви 11-сола (мураббӣ – Субҳон Абдукаримов) аз ҷониби мутахаасисон баҳои баланд гирифт.

Дар вазни то 32 кило Қ.Коналиев 5 бор қувваозмоӣ намуда, дар ҳамаи қувваозмоиҳо пеш аз муҳлат ғолиб дониста шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ (финалӣ) Қурбоншо бо ҳисоби 8 бар 0 ба ғалабаи соф дастёб шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=g7M_oKpcJpw

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.