Ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул

Дар шаҳри Сеул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, ки бо афрохтани Парчами давлатӣ ва садо додани ҳамзамони Суруди миллии Тоҷикистон дар назди он оғоз ёфт, бо […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Сеул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, ки бо афрохтани Парчами давлатӣ ва садо додани ҳамзамони Суруди миллии Тоҷикистон дар назди он оғоз ёфт, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, дигар шахсони расмии ҳамроҳи ӯ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Тае Йол ва масъулини дигари кишвари мизбон ва ҳамчунин бо ҳузури корпуси дипломатии муқими Сеул ҷараён гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар Корея омили муҳим барои густариши минбаъдаи муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар номида, изҳори бовар намуд, ки ояндаи наздик, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, Сафорати доиммуқими Корея ва намояндагии Агентии ин кишвар доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе кушода мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои сафорат муҳайёгардида Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки натиҷаҳои кори ҳайати дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар аз имрӯз ба баъд бояд бештару беҳтар шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.