Корея барои Тоҷикистон кадрҳои ҳавонавардӣ омода мекунад

Нимаи дуюми имрӯз, 13 апрел Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, барои иштирок бо президенти мамлакат зиёда аз 60 нафар донишҷӯёни тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омада, зикр гардид, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми имрӯз, 13 апрел Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, барои иштирок бо президенти мамлакат зиёда аз 60 нафар донишҷӯёни тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омада, зикр гардид, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои пуршарафи истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии ҳукумат зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯён таъкид дошт, ки аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд.

Ба иттилои сарвари давлат оянда шумораи бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Корея барои донишҷӯёни тоҷик боз ҳам бештар гардида, ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани алоқаи мустақили ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Корея мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Корея доир ба омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре зикр гардид, дар шароити рушди имрӯзаи соҳаи ҳавонавардӣ афзун намудани  шумораи кадрҳои ҷавони ин соҳа барои Тоҷикистон басо муҳим аст.

Зимни пурсишу посух ва андешарониҳо донишҷӯёни тоҷик аз имкони мулоқоти бевосита бо роҳбари давлати худ дар ин кишвари дуродур ва ҳам аз ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул ва муҳайёшавии заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори шодию нишот карданд.

Аз андешарониҳои чанд соҳибкори тоҷик, ки дар мулоқот ширкат доштанд, маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Корея беш аз 40 нафар соҳибкорон низ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шумораи онҳо рӯй ба афзоиш дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.