Шукурҷон Зуҳуров сафири Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳузур пазируфт

Date:



Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири мухтор ва фавқуллодаи Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мауро Рейна ва ҳамроҳони ӯро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Тибки иттилои котиби матбуотии Мачлиси намояндагон Мухамадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот, сохтори Маҷлиси намояндагон, савияи тахассусии вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар маълумоти мухтасар дода, дар мавзӯи равобити дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария сӯҳбат орост.

Мавсуф таъкид сохт, ки муносиботи дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ, ки ба имзо расидааст, ба роҳ монда шудааст. Асоси принсипҳои равобити моро эътимод ва ҳусни тафоҳуми дуҷониба дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳим дар бар мегирад. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Конфедератсияи Шветсарияро мавқеъҳои муштарак оид ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ ва амниятӣ, ҳамчунин иштироки ду кишвар дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба ҳам наздик месозанд. Айни ҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария зиёда аз 10 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расидааст, ки ин ҳуҷҷатҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро мегиранд.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид ва ин сафар дар таърихи муносиботи дуҷониба саҳифаи тозаеро боз намуд. Аз ҷумла муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ба марҳалаи нав ворид гардиданд. Дар густариши равобити дуҷониба сафари вазири корҳои хориҷии Шветсария низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки каблан ба амал омада буд, натиҷаи мусбат ба бор овард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии мамлакати мо тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст. Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистону Конфедератсияи Шветсария низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд. Муносиботи мо бояд дар сатҳи дуҷониба бештар ривоҷу равнақ ёбанд, зеро омӯзиш ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумонҳои ҳамдигар метавонанд ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии ҷумҳуриҳои мо кӯмак кунанд. Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мувофиқро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаи шохаҳои мамлакат бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст.

– Тоҷикистону Швейтсарияро на танҳо табиати монанд ба ҳам наздик мекунанд, балки сатҳ ва дараҷаи робитаҳо миёни ду кишвар солҳои охир хеле хуб арзёбӣ мешаванд, -суханашро идома дода гуфт Шукурҷон Зуҳуров. –  Мо медонем ва аз он сипосгузорем, ки Ҳукумати федералии Конфедерасияи Швейтсария нахустин шуда, омодагии хешро барои дастгирии раванди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳор намуда буд.

– Нахустин Ёддошт дар бораи татбиқи барномаҳои кӯмаки Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар соли 2001 имзо шуда буд. Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария рушди Тоҷикистонро ба воситаи ҷудо намудани грантҳо дар се самт: расонидани кӯмаки дарозмуддати техникӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ ба воситаи созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ дастгирӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, лоиҳаҳо дар соҳаи беҳтар кардани идораи давлатӣ, сектори хусусӣ ва макроэкономика, захираҳои табиӣ ва инфраструктура, тандурустӣ, кам кардани хатари ҳодисаҳои табиӣ амалӣ карда мешаванд, – гуфт дар анчоми мулоқот Шукурчон Зухуров.

Сафири мухтор ва фавкуллодаи Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мауро Рейна Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш самимона табрик намуда, ба ӯ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва ба тамоми мардуми тоҷик саломативу барори кор орзу намуд.

Сафир ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳад.

Дипломати швейтсариягӣ тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ, дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард. Вай изҳор дошт, ки дархостҳои Раиси Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати бунёди созандагиву ободонии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои зимни мулоқот зикр гардидаро ба ҷониби кишвараш хоҳад расонд.

Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн изҳори назар карда шуд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...