Таъсиси ду фраксияи ҳизбӣ дар парлумони Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (МНМО ҶТ) «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар МНМО ҶТ», Дар бораи бақайдгирии фраксияи […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (МНМО ҶТ) «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар МНМО ҶТ», Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар МНМО ҶТ», «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ», «Дар бораи намояндаи МНМО ҶТ дар Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи намояндаи МНМО дар Шӯрои адлияи ҶТ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонуни конститусионӣ «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ», лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ» ва ҳамчунин як қатор созишномаҳои байнулмилалӣ низ баррасӣ шуд.

Зимнан зикр гардид, ки аъзои Шӯро нақшаи музокироти парлумонии палатаи поёнии парлумон дар соли 2015 ва нақшаи музокироти парлумонии кумитаҳои парлумон дар соли равонро маъқул шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.