Коҳиши қариб 12%-и ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 996,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8% камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили 537,2 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 72 кишвари дунё, […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 996,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили 537,2 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 72 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 62 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 3 моҳи соли 2015 ҳаҷми содироти мол 214,5 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 12,7% ё худ 24,2 млн. доллари ИМА  зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш 751,7 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 16,9% ё худ 153,3 млн. $ камтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 3моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он 266 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 160 млн. $ ва Швейтсария – 104 млн. $-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.