Бонки Эсхата фоизи қарзҳо бо асъори хориҷиро паст кард

Иттилоияи расмӣ

Бонки Эсхата аз санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ фоизи қарзҳои бо доллар пешниҳодшавандаро барои ҳама намуди қарзҳо паст намуд. Қарор аз тарафи Раёсати Бонки Эсхата рӯзҳои наздик қабул карда шуд. «Қарори мазкур бо мақсади дастгирии мизоҷони бонк, дар марҳилаи душвори буҳрони иқтисодӣ ва ноустувории қурби асъор қабул карда шуд. Дар ин ҳолат, таҳлили амиқ ва […]



Бонки Эсхата аз санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ фоизи қарзҳои бо доллар пешниҳодшавандаро барои ҳама намуди қарзҳо паст намуд. Қарор аз тарафи Раёсати Бонки Эсхата рӯзҳои наздик қабул карда шуд.

«Қарори мазкур бо мақсади дастгирии мизоҷони бонк, дар марҳилаи душвори буҳрони иқтисодӣ ва ноустувории қурби асъор қабул карда шуд. Дар ин ҳолат, таҳлили амиқ ва имкониятҳои бонк ба назар гирифта шуда, аъзоёни Раесат бо ҳамраъйӣ барои паст  кардани фоизҳои солонаи қарзҳои бо доллар пешниҳодшаванда ба миқдори 2% овоз доданд», – қайд кард Раиси Раёсати бонк Хуршед Носиров.

Ҳамин тавр, агар қаблан фоизи қарз барои пахтакорӣ ва коркарди он 24-22% солонаро ташкил мекард, ҳоло бошад фоизи он то 22-20% паст карда шудааст. Фоизи қарзи ипотекӣ низ паст карда шуда, ҳоло 20% солонаро ташкил медиҳад. Қарзи «Манзилӣ» бошад, ки барои таъмир ва сохтани хона пешниҳод гашта фоизаш 26% солона буд, акнун бо 24% солона пешниҳод мегардад.

Қарзҳое, ки дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-экологӣ барои пармакунии чоҳҳо, сохтани гармхонаҳо ва обёрии қатрагӣ дода мешаванд, акнун 18% солонаро ташкил медиҳад, ки  қаблан 22% ро ташкил дода буд.

Бояд қайд намуд, ки самти қарздиҳӣ сол аз сол яке аз самтҳои афзалиятноки Бонки Эсхата ба ҳисоб рафта, мунтазам рушди ин соҳаро пеша намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...