Эмомалӣ Раҳмон узви Бюрои сиёсии КМ Ҳизби коммунисти Чинро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуда,Чжан Чунсян аз […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуда,Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дод ва аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон изҳор дошт:”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.

Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин зарур шумурда шуд, зеро муҳлати барномаи амалкунанда имсол ба анҷом мерасад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78%-ро ташкил медиҳад.

Ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии роҳи оҳани Тоҷикистон баробар шудааст.

Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Кулма ба миён гузошта шуда, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илму фарҳанг гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.