Роҳбари идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима шуд

Мавзуна Абдуллоева

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе роҳбари идораи шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Олим Нуровро барои риоя накардани тартиботи баррасии муроҷиати шаҳрвандон ҷаримабандӣ кард. Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Нуров мутобиқи моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон) гунаҳкор дониста шуда, дар […]



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе роҳбари идораи шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Олим Нуровро барои риоя накардани тартиботи баррасии муроҷиати шаҳрвандон ҷаримабандӣ кард.

Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Нуров мутобиқи моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон) гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 1 ҳазору 200 сомонӣ ба нафъи давлат ҷарима баста шуд. Мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Сафарбек Нурализода баргузор шуд.

Дар мурофиа Олим Нуров ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳор намудааст, ки дарвоқеъ ҳам бинобар сабаби серкорӣ дар мавсими зимистон, ба муроҷатҳои истеъмолгарон дар робита ба мушкилоти марбут бо интиқолу таъминоти барқ саривақт посух дода натавонитааст.

Бино ба мкълумоти суд, ба гунаи мисол О.Нуров ба муроҷиати раиси маҳаллаи М.Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе М.Абдуллоев оид ба садамаи трансформатор, ҳамчунин муроҷиатҳои дигар шаҳрвандон посух нагуфта, ҳатто ин муроҷиатҳоро дар китоби бақайдгирӣ сабт накардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...