Имрӯз, 21 апрели 2015 сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар масъалаҳои бисёрҷониба ва амнияти байналмилалӣ Ҳишом Бадр мулоқот намуд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Миср иттилоъ доданд, мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро баррасӣ карда, аз сатҳу муҳтавои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.





