LG: шустушӯ дар реҷаи «TURBO»

Оё шумо бо мақсади сарфа намудани вақт, боре ҳам муҳаррики автомобилатонро ба муҳаррики  пурқувваттаре  иваз намудаед? Баъзан  ҳаёт  тақозо менамояд, ки  дар ҳар кор барои ҳар чӣ тезтар иҷро шуданаш, реҷаи Turbo» омода гардад. Ширкати LG имконият фароҳам  овардааст, то дар шустушӯи либос низ  вақти шумо   сарфа   шавад.Мошинҳои нави  ҷомашӯии LG Titan 2.0 бо функсияи  […]

Иттилоияи расмӣ



Оё шумо бо мақсади сарфа намудани вақт, боре ҳам муҳаррики автомобилатонро ба муҳаррики  пурқувваттаре  иваз намудаед? Баъзан  ҳаёт  тақозо менамояд, ки  дар ҳар кор барои ҳар чӣ тезтар иҷро шуданаш, реҷаи Turbo» омода гардад. Ширкати LG имконият фароҳам  овардааст, то дар шустушӯи либос низ  вақти шумо   сарфа   шавад.Мошинҳои нави  ҷомашӯии LG Titan 2.0 бо функсияи  TurboWash™ вақти пурраи ҷомашӯиро то 59 дақиқа кӯтоҳ менамояд!

Мошинаи ҷомашӯии LG Titan 2.0 бо функсияи TurboWash™  тавассути  реҷаи «Turbo» ҳамагӣ дар 59 дақиқа рӯйҷову либосҳои  шуморо шуста медиҳад. Бо ин мошинаи ҷомашӯӣ  на фақат вақт, балки нерӯи барқ низ сарфа мегардад. Чунки  созандагон   техникаи LG Titan 2.0 –ро  бо функсияи сарфаи нерӯи барқ муҷаҳҳаз гардонидаанд. Силсилаи    LG Titan 2.0 аз се модел (

F12U1HBS4

,

F12U1HCS2

,

F12U1HDN5

) ва  6 алгоритми гуногуни чархзании устувона  иборат аст. Онҳо   кафолати шустушӯи ғамхоронаи либосҳои қимматбаҳоро дар бар гирифта,  имконият фароҳам меоварад, ки  тамоми намуди матоъҳо тоза  шуста шаванд. Муҳаррики  иноватсионии  инверторӣ бо ҳаракатовари мустақим ҷиҳозонидашуда,  вобаста  аз навъи  либосҳои воридшуда, суръати ҳаракати устувонаро  ба танзим медарорад. Дар натиҷа тозагии комили либосҳои гуногуннавъ таъин мегардад.

Яке аз хусусиятҳои мошини нави ҷомашӯӣ –ин муҷаҳҳаз будани он бо дастгоҳи

функсияи  шустушӯи буғии True Steam аст, ки   99,9%-и бактерияҳои гуногунро    нест менамояд. Маҳз ҳамин бактерияҳо  бисёр вақт сабаби пайдоиши аллергентҳои гуногун дар организми инсон мешаванд.

Дар истифода осон ва оммафаҳм будани LG Titan 2.0 онро бешубҳа  ба гурӯҳи беҳтарин мошинҳои ҷомашӯии ин навъ  дастгоҳҳои техникӣ шомил месозад.  Барои ба истифода омода сохтани он хам гашта,  барномаҳоро дурру дароз аз назар гузаронидан  лозим намеояд. Чунки панели сенсории  LG Titan 2.0 дар кунҷи 15 градус ҷойгир буда,  вазифаҳои шуморо  ба дисплеи равшану васеъ бемалол мебарорад.

Боз як хусусияти беҳамтои мошинаи ҷомашӯии LG Titan 2.0  тобоварии техникии он мебошад. Барои мисол, ин мошин дар ҳолати пасту баландшавии нерӯи барқ  вайрон намешавад.Он ҳатто имкон намедиҳад, ки дар вақти омодасозӣ   ва интихоби реҷаву вазифа  шумо ба хатогиҳо роҳ диҳед. Ва махсусан барои соҳибхоназанҳо беовоз кор кардани он писанд омадааст. Ин дастовард танҳо ба туфайли  насби устувона рост ба  муҳаррик , бе истифодаи  чарху  тасмаи чархгардонӣ  ба даст омадааст.


Дар




бораи


LG Electronics Home Entertainment

Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ   пешрав ва истеҳсолкунандаи  технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.  Ширкат 82 000 корманд дорад, ки дар 119 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар  2014 сол, 56 млрд.доллари амрикоиро (59трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор  қисмати тиҷоратӣ  – Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони  асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд.Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори  41 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.


Дар




бораи


LG Electronics Home Entertainment

Ширкати LG Electronics Home Entertainment  дар бозори телевизорҳои  ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои  сигментҳои  истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгуи  маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ  ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ,плеерҳои  Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои  бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки  сифати вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.