Имзои созишномаҳои асосии лоиҳаи CASA-1000 дар Истамбул

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000, ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрел як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд. Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҷумла Созишномаи генералӣ ва Созишнома дар бораи хариди нерӯи барқ миёни субъектҳои хоҷагидории Қирғизистон, Тоҷикистон, […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000, ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрел як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҷумла Созишномаи генералӣ ва Созишнома дар бораи хариди нерӯи барқ миёни субъектҳои хоҷагидории Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, созишномаи бурсӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ба имзо расидааст.

Дар кори ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимов намояндагӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.

Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.

Чанд рӯз қабл сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотт зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов оид ба қарори ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи дастгирии молиявии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 маълумот пешниҳод намуд.

Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки 


барои маблағгузорӣ


 ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.