Муовини вазири корҳои дохилӣ амалҳои ҳамкоронаш нисбати ришдоронро ғайриқонунӣ хонд

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Икром Умарзода дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» амалҳои кормандони милисаро, ки шаҳрвандонро ба гирифтан риш маҷбур мекунанд, ғайриқонунӣ хонд. «Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилӣ се шикоят расида, ду шикоят аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дорад», – иброз дошт Умарзода ва таъкид намуд, […]

Аҳлиддин Салимов



Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Икром Умарзода дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» амалҳои кормандони милисаро, ки шаҳрвандонро ба гирифтан риш маҷбур мекунанд, ғайриқонунӣ хонд.

«Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилӣ се шикоят расида, ду шикоят аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дорад», – иброз дошт Умарзода ва таъкид намуд, ки нисбати кормандони милисае, ки ба чунин амалҳо роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ андешида мешаванд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати ба чунин ҳолатҳо дучор омадан, шаҳрвандон метавонанд ба телефони шабонарӯзии боварии ВКД – 221-21-21 муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар видеохостинги

YouTube

наворе пайдо шуд, ки дар он корманди милиса марди ришдорро дар яке аз бозорҳои Тоҷикистон боздошт ва занонро барои ба бар кардани ҳиҷоб мазаммат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.