Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати ба мансаби олии Президенти ин кишвар такроран интихоб шуданаш барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «халқи Қазоқистон бо изҳори ризоияти худ пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати ба мансаби олии Президенти ин кишвар такроран интихоб шуданаш барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «халқи Қазоқистон бо изҳори ризоияти худ пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар, дар арсаи ҷаҳон бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш додва муваққиятҳое, ки дар ин ҷода ба даст омадаанд, бо номи Шумо зич алоқаманданд».

«Қаноатмандии худро аз рушди ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қазоқистон иброз дошта, аминам, ки Шумо минбаъд ҳам ба рушду густариши ҳамкории байни мамлакату халқҳоямон мусоидат мекунед. Мо аз ҷониби худ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду давлат ҳамаи чораҳои заруриро мебинем», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, дар маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар ин кишвар, президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назароев бо касби 97,7%-и овозҳо пирӯзӣ ба даст овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.