Мақомоти динӣ ба интиқодгари сиёсати Тоҷикистон нисбати ислом посух гуфтанд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба ровии шабакаи телевизионии динии «Висоли ҳақ», ки тариқи моҳвора ва дар интернет пахш мешавад, Муҳамммад Ансорӣ ва андешаҳои ӯ перомуни ислом дар Тоҷикистон расман посух гуфтанд. Дар барномаи рӯзи 22 апрел Муҳаммад Ансорӣ дар […]

ASIA-Plus



Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба ровии шабакаи телевизионии динии «Висоли ҳақ», ки тариқи моҳвора ва дар интернет пахш мешавад, Муҳамммад Ансорӣ ва андешаҳои ӯ перомуни ислом дар Тоҷикистон расман посух гуфтанд.

Дар барномаи рӯзи 22 апрел Муҳаммад Ансорӣ дар бораи аз ночорӣ ба фоҳишагарӣ даст задани занони тоҷик ва ба Тоҷикистон омадани шаҳрвандони хориҷӣ барои истифода аз ин хизматгузории занони тоҷик ҳикоят кард.

«Аксари духтарони беҳиҷоб маводи нашъаовар истеъмол мекунанд, ба дуздиву фоҳишагарӣ машғул мешаванд, аммо онҳоро айбдор донистан манъ аст. Ҳамин гуна тамоми духтарони ҳиҷобпӯшро низ набояд фоҳиша номид», – гуфт М.Ансорӣ.

«Агар шумо дар бораи демократия ҳарф мезанед, пас ба одамон озодӣ барои ба бар кардани сарулибосро таъмин кунед. Аммо дар асл одамон метавонанд озодона қаҳвахона (бар) кушоянд, вале сохтани масҷид манъ аст. Духтарон метавонанд ба фоҳишагарӣ машғул шаванд, вале агар ҳиҷоб ба бар карданӣ шаванд, инро ба онҳо манъ мекунанд», – ҳикоят карда буд ӯ дар барномааш.

Дар

изҳороти дар ин робита интишоршудаи

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ шабакаи телевизионии «Висоли ҳақ» ва ровии он ба Тоҷикистон даъват карда мешаванд, то ки бо чашмони худ кишварро дида, бо озодиҳои динӣ дар он аз наздик ошно гарданд.

«Президенти кишвари мо дар ҳар як вохӯриву суханрониаш аз дин ба василаи як мактаби бузурги ахлоқӣ ёдовар мешавад. Бояд қайд кард, ки  эътиқодоти динии мардум бояд аз суи гурӯҳҳои сиёсӣ суиистифода нашавад, зеро таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя нишон дода истодаанд, ки сиёсикунии дин на ба манфиати ислом асту на ба манфиати мусулмонҳо», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ба Ансорӣ сабти беш аз 4 ҳазор масҷид дар Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ёдрас мешавад. «Чаро аз фаъолияти муассисаҳои динии Тоҷикистон лаб намекушояд? Чаро аз боби дастгирии роҳбари давлат нисбат ба арзишҳо, осор ва шахсиятҳои исломӣ, тарҷума ва интишори ройгони Қуръони карим, “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, бузургдошти пешвои мазҳабии мо – Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, фароҳам сохтани фазо ва имконоти муносиб барои адои ҳаҷ ва умра ва амсоли инҳо ҳарфе намегӯяд???», – баён мегардад дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.