Нигаронии Раҳимзода аз узвияти ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро

– Давлату ҳукумати Тоҷикистон такя ба ҷавонон дорад, зеро ҷавонон насли пешбаранда ва созандаи миллат буда, бо нангу номус ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ метавонанд кишвари моро ба як кишвари мутараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд», – иброз дошт вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот бо ҷавонон ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар. «Мутаассифона, […]

ASIA-Plus



– Давлату ҳукумати Тоҷикистон такя ба ҷавонон дорад, зеро ҷавонон насли пешбаранда ва созандаи миллат буда, бо нангу номус ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ метавонанд кишвари моро ба як кишвари мутараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд», – иброз дошт вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот бо ҷавонон ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар.

«Мутаассифона, бархе аз ҷавонон дар ҷаҳони муосир ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва равияҳои ифротгаро ва бегонапараст шомил гардида, ҳаёту ҷони худро зери хатар гузошта, падару модар, оила ва фарзандони худро бадбахт сохта, барои ҷангидан ба давлатҳои дигар мераванд», – қайд кард ӯ.

Вазир зикр кард, ки «мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо тамоми чораҳоро меандешад, то ҷавонон гумроҳ нагардида, ҳаёти осоишта ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд».

«Ҷавонон бояд ҳамеша дар сафи пеш қарор гирифта, бо кору пайкори худ дар ҷомеа нақши муассир ва созанда дошта бошанд», – афзуд Р.Раҳимзода.

Қаблан аввали ҳамин моҳ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки айни замон дар давлати Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби ҷавонон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок доранд.

Ӯ қайд карда буд, ки теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд.

«Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015,  144 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии  Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир карда шуданд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати 34 нафари дигар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карда шудааст», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, аксар он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд.

Вазир изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада дар баробари ба гирдоби  ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. «Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд нафар занону духтарон гирифта шуд», зикр кард Раҳимзода.

Тибқи таҳлилҳои ВКД,  шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар вилояти Суғд аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт бештар ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор Шаҳринав ва Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.