Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сокини 25-солаи Душанбе дар АНМН

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели марги сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев тибқи аломатҳои қ.3, моддаи 143, дараҷ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Адвокат Саймумин Каримов, ки хизматгузориаш ба ҷабрдида аз ҷониби Ташкилоти ғайридавлатии Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели марги сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев тибқи аломатҳои қ.3, моддаи 143, дараҷ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Адвокат Саймумин Каримов, ки хизматгузориаш ба ҷабрдида аз ҷониби Ташкилоти ғайридавлатии Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 28 апрел дар Прокуратураи генералӣ ӯро бо қарори боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел шинос карда, нусхаи ин санадро бо имзои муовини аввали прокурори генералии ҶТ ба ӯ супурдаанд.

«Аз ҷумла дар қарор зикр мешавад, ки прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон маводи марбут ба санҷиши далели марги Шамсиддин Зайдуллоев дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаоварро баррасӣ карда, дастур додааст, ки бинобар сабаби дар ҷисми марҳум дарёфт шудани захмҳои ба марги маҷбурии ӯ гувоҳидиҳанда парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Тафтиши парвандаи мазкур ба дӯши сарпрокурори Прокуратураи генералӣ оид ба супоришҳои махсус Назаров С.Т. вогузор шудааст», – қайд кард адвокат.

Номбурда илова намуд, ки пас аз омӯзиши пурраи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ ба васоити ахбори умум маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.

Дар Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки аз рӯйи ин далел тибқи моддаи «Шиканҷа» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон оид ба муайян кардани шахсони дастдошта дар ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, соли 2014 аз рӯи моддаи «Шиканҷа», ки соли 2012 ба Кодекси ҷиноии ҶТ ворид карда шуд, ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд, пас аз чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ

ба ҳалокат расид.

Наздикони ҷавон бар ин назаранд, ки ӯ бар асари лату кӯб ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, АНМН

даст доштани

кормандони Агентӣ дар марги Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокини пойтахтро рад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.