Президент раисони ноҳияҳои пойтахтро иваз кард

Бо фармони президенти Тоҷикистон се нафар раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе иваз шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, раисони ноҳияи Сино – Зафар Сафаров, Шоҳмансур – Самандар Бобоев ва Фирдавсӣ – Саиднурдин Алиев мансабҳои худро тарк карданд. Бо фармони президент, собиқи раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода раиси ноҳияи […]

ASIA-Plus



Бо фармони президенти Тоҷикистон се нафар раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе иваз шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, раисони ноҳияи Сино – Зафар Сафаров, Шоҳмансур – Самандар Бобоев ва Фирдавсӣ – Саиднурдин Алиев мансабҳои худро тарк карданд.

Бо фармони президент, собиқи раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода раиси ноҳияи Шоҳмансур, собиқ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Саиднурдин Алиев раиси ноҳияи Сино ва Ҷамшед Табаров раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт таъин шуданд.

Зафар Самадов муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва собиқ раиси Раёсати Агентӣ дар ВМКБ Муртазо Ҳайдарзода муовини директори Агентии мазкур таъин шуданд. Ҳасан Дӯстзода раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуд.

Бо амри президент бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Шуҳрат Мақсудзода аз мансаби сардори Раёсати тарҳрезии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ сабукдӯш шуд.

Бек Қурбонов муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳалли назди президенти ҶТ, Тоҷиддин Ҷӯразода муовини Кумитаи рушди маҳалии назди президенти ҶТ таъин шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.