Талошҳо барои бозгардонидани ҷавонон аз кишварҳои даргир

Date:


Cокини деҳаи Қизил-Нишони ноҳияи Қубодиён 


Суннатулло Абдуллоев


, ки 4 сол пеш ба гурӯҳи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон пайваста, ба Покистону Афғонистон рафта буд, бо даъвати хешовандонаш ба Тоҷикистон баргашт ва пас аз тафтишоти мақомоти амниятии кишвар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд.

Ҳангоме ба деҳаи Қизил-Нишон рафтем, Суннатуллоро пайдо накардем. Ӯ барои барқарор кардану давом додани таҳсил дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рафтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ



Саргардонию пушаймонӣ


Зиёдалӣ Абдуллоев

, падари Суннатулло мегӯяд, соли 2011 фарзанди он замон 19-солааш ҳангоми таҳсил дар донишгоҳи мазкур бо чанде аз ҳамдеҳагонаш дар яке аз манзилҳои иҷораи пойтахт зиндагӣ мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Ҳар моҳ як бор хона меомад, мо аз ин ҷо хӯроку маблағ мефиристодем. Аслан, бачаи одӣ ва сухандон буд. Суннатулло ҳамроҳи писарамакаш Нусратулло бидуни огоҳ кардани хешовандон 14-уми майи ҳамон сол аз Душанбе ба Маскав парвоз кард. Се рӯз пеш аз ин, вақте аз Қубодиён ба Душанбе мерафт, субҳ наздам даромада, дуо гирифт. Ин маро дар ҳайрат гузошт, чунки дар ду соли таҳсил бори аввал аз ман дуо мехост. Гуфт: “Ман хонданӣ мераваму ба наздикӣ имтиҳон дорам”. Пас аз як ҳафта ба муаллимону ҳамкурсонаш занг задем. Онҳо гуфтанд, ки Суннатулло дар дарс нест. Мо дар ташвиш афтодем, ки куҷо рафта бошаду чӣ шуда бошад? Аз байн 10 рӯз гузашту худаш занг зада, хабар дод, ки дар Маскав аст. Гуфтам, писарам хонданат чӣ мешавад? Ӯ гуфт: “Камтар кор мекунаму омада, ба шуъбаи ғоибона мегузарам”. Моҳи аввал телефон мекард, баъд якбора бедарак шуд», – ба ёд меорад Зиёдалӣ Абдуллоев.

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Дар акс деҳаи 

Қизил-Нишони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

«Суннатулло гуфт, ки дар Маскав онҳоро ҷамъ карда, 10-нафарӣ мефиристоданд. Баъд аз як моҳ онҳоро ба Озарбойҷон бурданд ва дар ду-се рӯз виза гирифта, ба Эрон гузарониданд ва 2 моҳ дарсҳои динӣ омӯхтанд. Сипас онҳоро ба шаҳри Карочии Покистон бурда, он ҷо низ таълимоти динӣ доданд. Вале ҳар рӯз 2-3 нафари бачаҳо гум мешуданд. Рӯзе навбати Суннатулло ва писари амакаш низ расид, ки онҳоро бояд ба ҷойи дигар мебурданд. Писари амакаш розӣ шуд, аммо Суннатулло рад кард. Байни онҳо каме ҷанҷол шуда, ниҳоят писари амакаш танҳо рафт. Дар давоми ду рӯз Суннатуллоро низ розӣ карда, ба минтақаи Вазиристони Покистон бурданд. Вай дар он ҷо 2 моҳ мемонад. Писарам мегӯяд, ки дар ин минтақа ҷангу тирпаронӣ зиёд буд. Рӯзе ҳангоми як таркиш Суннатулло аз лагер гурехта, пинҳон мешавад. Дар паноҳгоҳ бо як ронандаи таксии афғон шинос мешавад, ки ӯро ба вилояти Лугари Афғонистон бурда, дар масҷиди назди хонааш ҷой мекунад. Ӯ ҳамон ҷо як моҳ таълими динӣ мегирад ва дар бозор аробакашӣ карда, роҳхарҷӣ пайдо мекунад. Сипас ба шаҳри Кобул меравад, то аз он ҷо ба Ватан баргардад», – афзуд падари Суннатулло…

Аммо раиси ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлол»-и ноҳияи Қубодиён

Чорӣ Холиёров

зимни як суҳбати телефонӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба замони будубоши Суннатулло Абдуллоев дар Афғонистон гуфт, ки номбурда ҳудуди се соли охир дар он кишвар зиндонӣ буд ва пас аз раҳоӣ падараш ӯро ба Тоҷикистон овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ



Дар акс бинои ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлол»


-и ноҳияи Қубодиён

…Зиёдалӣ Абдуллоев дар идомаи нақли худ аз рӯзҳои ба Ватан бозовардани писараш ёдовар шуд: «Суннатуллоро кормандони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон пайдо карда, аввали моҳи январи соли 2015 ба ман занг заданд, ки агар илоҷ бошад, омада, писаратонро аз Афғонистон баред. Ман 9-уми январ ба Кобул рафтам ва бо кӯмаки кормандони сафорат бо писарам вохӯрда, ӯро 5-уми феврал ба Тоҷикистон овардам. Росташро гӯям, Суннатулло бисёр метарсид, ки ба Ватан баргардад, чунки нисбаташ парванда оғоз мешаваду ӯро ба маҳбас мекашанд. Аммо ӯро бовар кунонидам, ки “мақомот ва қонунгузории Тоҷикистон туро мебахшад ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекунад”. Хушбахтона, муяссар шуд, ки фарзандамро ба Ватан баргардонам».

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Суннатулло Абдуллоев (дар марказ) бо ҳамсинфонаш, феврали соли 2009

Абдуллоев мегӯяд, ки баъд аз бозгашт дар мактаби №24, ки Суннатулло онро хатм кардааст, маҷлиси калон доир шуд ва дар он зиёда аз 200 нафар сокинони ҷамоати “20-солагии Истиқлол” иштирок карданд. Суннатулло зимни суханрониаш аз ҷавононе, ки дар он тараф мебошанд, даъват кард, ки натарсида, ба Ватан баргарданд. Ӯ дар ин маҷлис гуфт: «Моро фиреб карда бурданд. Ҳамааш дурӯғ будааст. Ман баргаштам, шумо ҳам метавонед ба Ватан баргардед».



«Ҷони бачаҳоро харем»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақомоти Тоҷикистон ба масъалаи баргардонидани ҷавонон аз кишварҳои даргир таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Рӯзи 21-уми ноябри соли 2014 пас аз шунидани гузориши Муовини раиси КДАМ ҶТ 

Акрам Амонов

дар парлумон оид ба иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бурунмарзӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Шукурҷон Зуҳуров

чунин изҳор дошт: «Одамоне, ки маълум ҳастанд, ба падару модарашон расонидан даркор. Шумо ба воситаи телевизион дидед, ки хабар ёфта, гиряву илтимос карда истодааст, ки “фарзанд, баргард”. Дар деҳот ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд дар ин хусус бо мардум суҳбат кунанд, то фарзандонашонро аз ин кор эҳтиёт кунанд, ки ин оқибати хуб надорад. Ба ҷомеа расонидан даркор, то мардум худаш коре кунад, ки ба ин роҳ надиҳад. Онҳоеро, ки имкони имрӯз аз он ҷо баргардонидан ҳаст, тамоми чораҳоро дидан даркор, то хешовандон расонанд – телефон доранд, онҳо аз он ҷо занг мезананд – агар биёянд, гуноҳашон сабук мешавад ё ки озод мешаванд, агар дар кушторҳо иштирок накарда бошанд ё ки махсус нарафта бошанд, то ин ки мо ҷони ҳамон бачаҳоро харем».



Ҷиноят ва ҷазо


Анвар Назарзода

, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон зимни як нишасти матбуотӣ дар аввали соли равон гуфта буд, ки соли 2014 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 43 ҷинояти хусусияти экстремистӣ ва як ҷинояти хусусияти террористиро ошкор кардаанд. Дар моҳи январи соли 2015 низ 4 ҷинояти хусусияти экстремистӣ ошкор шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба гуфтаи Назарзода, бинобар даргузашти як гумонбаршуда, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст ва дар як ҳолати дигар ба хотири пушаймонӣ аз кирдораш парвандаи ҷиноятӣ дар тафтишоти пешакӣ гардидааст. Дар 42 ҳолат нисбат ба 58 нафар мутобиқи моддаҳои 187 қисми 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)), 307-1 қисмҳои 2, 3 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)) ва 401-1 (Ҷалб ва иштироки гайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда оғоз шудааст.

Вай афзуд, ки аз ин шумора 5 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 10 нафар барои баррасӣ ба суд ирсол гардида, аз сабаби дар кофтуков қарор доштани 14 айбдоршаванда, 10 парванда боздошта шудааст. Аз рӯйи 10 парвандаи дигар тафтишоти пешакӣ идома дорад ва 1 парванда барои тафтишоти пешакӣ аз рӯйи тобеият ба раёсати минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт фиристода шудааст.

«Айни замон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ 31 сокини вилояти Хатлон иштирок доранд, ки аз ин теъдод 24 нафар дар Сурия, 1 нафар дар Ироқ ва 5 нафар дар Покистону Афғонистон мебошанд. Як нафари дигар дар ҷангҳои Украина куштаву ҷасадаш ба Тоҷикистон оварда шудааст», – афзуд прокурор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон тибқи иттилои судяи Суди ноҳияи Қубодиён

Саймаҳмуд Гулов

, дар маҷмӯъ 13 сокини деҳаи Қизил-Нишон тайи солҳои 2011-2014 ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд. «Суди ноҳияи Қубодиён аз соли 2011 ба ин сӯ 6 парвандаи ҷиноятиро бо моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) ва 307-3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла, соли 2011 як парванда нисбат ба як нафар, соли 2012 як парванда нисбат ба 3 нафар, соли 2013 ду парванда нисбат ба 6 нафар ва соли 2014 ду парванда нисбат ба 3 нафар баррасӣ гардида, гунаҳкорон ба ҷазоҳои гуногуни маҳрум сохтан аз озодӣ то ҷарима маҳкум шуданд», – гуфт судя.



Зарурати адолат ва авфи ҷавонони баргашта

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муовини мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Қубодиён

Толибҷон Ортиқов

, ки қариб дар аксари парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба экстремизм аз айбдоршавандаҳо ва ё судшавандаҳо ҳимоя кардааст, мегӯяд: «Албатта, хуб аст, ки нафарони пушаймоншударо авф мекунанд, зеро ин барои баргаштани чандин нафари дигар мусоидат мекунад. Ин ҷо бубинед, ки чандин нафар танҳо аз ҳамин деҳаи Қизил-Нишон ба Афғонистону Покистон рафтаанд, ки онҳо оилаву фарзанд доранд ва мехоҳанд ба Ватан, назди пайвандонашон баргарданд. Аммо баъзе нафарон бо ҳукми суд ба солҳои тӯлонӣ дар ин ҷо зиндонӣ шудаанд. Онҳо аслан ба хотири он гунаҳкор дониста шудаанд, ки ё аз тариқи телефон ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ бо нафароне, ки берун аз кишваранду ба гурӯҳҳои экстремистӣ пайвастаанд, ба мисли Суннатулло Абдуллоев, як ё ду маротиба алоқа кардаанд. Акнун мантиқро бубинед, ки онҳо аз хориҷа бармегарданду авф мешаванд, вале ин нафаре, ки ҳамагӣ як бор бо телефон ё шабакаи иҷтимоӣ бо онҳо суҳбат кардааст, паси панҷара нишастааст. Аз ин дидгоҳ каме беадолатӣ ба назар мерасад. Вале ин тасмими ҳукумат ва мақомоти давлатӣ, фикр мекунам, саривақтист. Бори дигар такрор мекунам, ки ин муносибат метавонад садҳо нафар ҳамватанони раҳгумзадаи моро ба Ватан баргардонад ва ба онҳо имкон медиҳад, то ислоҳ ва пайи зиндагии худ шаванд».

Ба ақидаи судя Саймаҳмуд Гулов, авфи шаҳрвандоне, ки аз кирдорашон пушаймон мешаванду бо хоҳиши худ ба Ватан бармегарданд, як иқдоми хуб аст. «Ду ҳолати ахир – яке дар ноҳияи Шаҳритус ва дигаре дар ноҳияи Қубодиён, ки ҷавонони пушаймоншуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд, хеле бамаврид аст. Шояд ҷавонони зиёде бо роҳи фиреб рафтаву акнун фаҳмиданду пушаймон шуданд, аммо метарсанд, ки ба Ватан баргарданд. Ин гуна муносибати ҳукумати Тоҷикистон метавонад ба чунин нафарон имкон бидиҳад, ки ба Ватан, ба назди зану фарзанд ва наздикони худ баргарданд ва ислоҳ шаванд», – афзуд Гулов.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...