Қурбониёни заминларзаи Непал ба беш аз 6 ҳазор нафар расид

Заминларзаи шадид дар Непал яке аз шаҳрҳои қадимаи кишвар Бхактапурро вайрону валангор намуд. Офати табиӣ ҳамчунин дар пойтахти мамлакат шаҳри Катманду низ харобиҳои зиёдро дар пай овард. Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», аз рӯйи маълумоти охирин бар асари зилзилаи мудҳиш, ки як ҳафта қабл ба амал омада буд, беш аз 6 ҳазору 200 […]

ASIA-Plus



Заминларзаи шадид дар Непал яке аз шаҳрҳои қадимаи кишвар Бхактапурро вайрону валангор намуд. Офати табиӣ ҳамчунин дар пойтахти мамлакат шаҳри Катманду низ харобиҳои зиёдро дар пай овард.

Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», аз рӯйи маълумоти охирин бар асари зилзилаи мудҳиш, ки як ҳафта қабл ба амал омада буд, беш аз 6 ҳазору 200 нафар ба ҳалокат расида, теъдоди захмиён аз марзи 14 ҳазор кас ҳам гузашт. Ҳамзамон то ҳол аз тақдири ҳазорҳо аврупоии ба ин ҷо сафаркарда ягон маълумот дастрас нест. То ин дам марги 12 нафар шаҳрванди Аврупоро бо далелҳои шайъӣ мушаххас намуданд.

Баъди гузаштани беш аз як ҳафта аз заминларзаи мудҳиш корҳои кофтукобӣ ва наҷотдиҳӣ дар ҳоли анҷомёбист. Аммо нафаронеро, ки аз ин офат ҷон ба саломат бурдаанд, хатари нав-бемориҳои гуногун таҳдид мекунад. Ҷасади нафаронеро, ки то ҳол наздикону пайвандонашон суроғ накардаанд, бо маҳлулҳои махсус мумиёӣ карда, дар кӯча гузоштаанд, то соҳибонашон онҳоро шинохта ба хок супоранд.

Тибқи маълумоти намояндагони Созмони Милали Муттаҳид айни ҳол беш аз 2 миллион нафар ба кумакҳои аввалия, аз қабили, маводи озуқа, оби нӯшокӣ, хаймаҳои муваққатӣ ва доруворӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Дар маҷмӯъ заминларзаи мудҳиш ба беш аз 8 миллион нафар зарар расондааст.

Заминларзаи мазкур дар Непал ба вуқӯъ омадаро мудҳиштарин давоми 80 соли ахир унвон мекунанд. Бино ба изҳороти вазири молияи кишвар барои бартараф кардани оқибатҳои харобиовари зилзила 2 миллиард доллар лозим аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.