Мақомоти қирғиз 3 корманди АНМН-ро боздошт намуданд

Намояндагони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон мегӯянд, ба муқобили 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷумлаи 3 афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 килограмм симоб парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Тавре торнамои тоҷикии радиои «Озодӣ» дар ин робита иттилоъ медиҳад, се шаҳрванди Қирғизистон низ ҳамчун шарикони ҷиноят боздошт шудаанд. Ҳамаи […]

Радиои «Озодӣ»



Намояндагони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон мегӯянд, ба муқобили 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷумлаи 3 афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 килограмм симоб парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Тавре торнамои тоҷикии

радиои «Озодӣ»

дар ин робита иттилоъ медиҳад, се шаҳрванди Қирғизистон низ ҳамчун шарикони ҷиноят боздошт шудаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳо феълан дар маҳбаси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин мақомот гуфтаанд, ки маъмурони интизомии Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро рабуда, ба шаҳри Хуҷанд бурдаанд ва онҳоро ба қочоқ муттаҳам мекунанд. Қарор аст, рӯзи 2 май намояндагони расмии ду кишвар ин воқеаҳоро баррасӣ кунанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон то ҳанӯз дар робита ба боздошти 4 шаҳрванд ва 3 афсар вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Танҳо як манбаъ дар Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон ба шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, афсарони Оҷонсии зидди маводи мухаддир ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ боздошт шудаанд

Аз ин пеш Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълон кард, ки ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се корманди Оҷонсии зидди маводи мухаддирро боздошт кардааст. Гулмира Борубаева – намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон 1 май ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо се қирғиз барои қочоқи 180 кило симоб муттаҳам мешаванд.

Ӯ афзудааст, “дар маҷмӯъ, нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон буда, аммо ҳангоми дидани марзбонҳои қирғиз ду нафарашон пинҳон шудаанд.” Ин мақоми марзбонии кишвари ҳамсоя иддао дорад, сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир, ғайриқонунӣ сарҳади Қирғизистонро убур кардаанд.

Дар оғоз мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба дуздӣ ё асир гирифтани ду сокини рустои Қарабоғи вилояти Бодканди ҳаммарз бо Исфара муттаҳам карданд. Онҳо гуфтанд, гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 30 апрел ғайриқонунӣ ба ҳудуди Қарабоғ ворид шуда, Темирбой Маматқулов ва Бекҷон Бекишевро бо худ бурдаанд. Сокинони рустои Қарабоғ низ ба хабаргузориҳо, аз ҷумла “Турмуш” гуфтаанд, “дарҳол марзбонҳои Қирғизистон расида омаданд ва чаҳор нафари онҳоро боздошт намуданд.” Ин хабар ҳоло бо қочоқи 180 кило симоб иваз шудаааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.